Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи нахустини «Гол» чоп шуд


Шумораи нахустини ҳафтаномаи тоҷикии варзишии «Гол», сеюмин нашрияи Маркази тадқиқотии журналистии Тоҷикистон рӯзи 4-уми март аз чоп баромад.

Ҳафтанома дар шумораи аввали худ ба мавзўъҳои доғи варзишӣ равшанӣ андохта, мушкилиҳои соҳаи варзишро ба риштаи таҳлил кашидаанд. Дар навиштаи Хуршед Атовулло «Зидан ва Марадона дар Душанбе. Кӣ омадани онҳоро намехоҳад?» сабабҳои рушд наёфтани футбол дар Тоҷикистон бо далелҳои возеҳ шарҳ ёфтааст. Муаллиф бо ин навиштаи худ чунин ақида дорад, ки тақдири футболи тоҷик ба мисли сарнавишти Роғун танҳо ва танҳо ба худи тоҷикон вобаста аст.

Зери сарлавҳаи «Тоҷикистон пас аз Бразилия» маводе ба табъ расидааст, ки аз дастоварди мушкилиҳои футболи кўдакон маълумот медиҳад. Ҳамчунин, дар ин шумора шарҳи муфассал перомуни иштироки дастаи мунтахаби наврасон ва ҷавонони Тоҷикистон дар чемпионати Осиё-2010 ва охирин навигариҳои олами варзиши дохиливу хориҷӣ низ нашр шудааст.
XS
SM
MD
LG