Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавзеҳи радиои Озодӣ


Дар сӯҳбате, ки ахиран хабарнигори радиои Озодӣ бо рӯзноманигор ва коршиноси мустақил Султони Ҳамад дар робита ба мавзуи иттиҳоми як гурӯҳи кормандони ОМОН ва нерӯҳои марзбонии кишвар ба амали ҷиноӣ дошт, баъзе иштибоҳоти фаннӣ рух додааст.

Ба ҷои калимаи «қудратӣ», ки мусоҳиби мо гуфтааст, калимаи «амниятӣ» нашр шудааст. Ҳамчунин назари як коршиноси дигар дар мавриди таъсири бозгашти муҳоҷирони корӣ ба вазъи ҷиноятӣ дар Тоҷикистон ҳамчун назари Султони Ҳамад ироа шудааст.

Барои ин иштибоҳот аз оқои Султони Ҳамад ва аз хонандаҳои сомонаи Озодӣ узр мехоҳем.
XS
SM
MD
LG