Пайвандҳои дастрасӣ

Ванҷ маркази зилзилаи дишаба буд


Тавре, ки хабарнигори радиои Озодӣ аз минтақа хабар додааст, шаби 3-юм ба 4-уми март дар Тоҷикистон зилзила рух додааст. Маркази ин зилзила ноҳияи Ванҷ будааст ва шиддати зилзила дар маркази он 6 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст. Баъзе хабаргузориҳо шиддати зилзиларо 4 дараҷа нишон додаанд. Бино ба гузоришҳо, дар натиҷаи зилзила харобиҳои ночиз ба бор омадааст, аз ҷумла хонаҳои баъзе сокинони маҳал қисман хароб шудааст. Сокинони водии Рашт ва шаҳри Душанбе низ ин зилзиларо эҳсос кардаанд. Дар Душанбе шиддати зилзила 2 дараҷаро ташкил додааст. Ин ҳодиса қурбоние дар пай надорад.

XS
SM
MD
LG