Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пахши барномаҳои "РТР Планета" аз сар гирифта мешавад


Раҳбарияти шабакаи телевизионии "РТР Планета"-и Русия ба ширкати давлатии "Телерадиоком"-и Тоҷикистон зимни номае изҳор доштааст, ки омода аст бо ин ширкат дар бораи пахши барномаҳои ин шабака дар қаламрави Тоҷикистон барои соли 2009 қарордод имзо кунад. Як рӯзи пеш "Телерадиоком" ба "РТР Планета" ҳушдор дод, ки пахши барномаҳои ин шабакаро дар Тоҷикистон аз 2-юми март қатъ кардааст, зеро ҷониби Русия омода нест хостҳои ҷониби Тоҷикистонро иҷро кунад. Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, арзиши пахши барномаҳои ин шабакаро ба сабаби боло рафтани масорифи фаннӣ, аз қабили нархи барқ ва амсоли он, 50 дарсад боло бурдааст. Имрӯз ҷониби Тоҷикистон таъйид кард, ки Русия ба шартҳои "Телерадиоком"-и Тоҷикистон розӣ шудааст ва пахши барномаҳои телевизиони "РТР Планета"-и Русия дар Тоҷикистон аз сар гирифта мешавад.
XS
SM
MD
LG