Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сарони Сандуқи байнулмилалии пул (IMF) мегӯянд, бӯҳрони ҷаҳонӣ акнун рӯ ба қашшоқтарин кишварҳои ҷаҳон овардааст.

Бино ба иттилои Сандуқи байнулмилалии пул, 22 мамлакати бенавои ҷаҳон имсол мумкин аст барои рафъи оқибатҳои бӯҳрони молӣ ба 25 миллиард кумаки фаврӣ ниёз пайдо кунанд.

Мудири иҷроияи Сандуқи байнулмилалии пул Доминик Штраус-Кан ба нақл аз иҳзороти расмии ин ниҳод гуфтааст, баъд аз зарба ба кишварҳои пешрафта ва сипас мамолики дар ҳоли рушд, мавҷи севвуми бӯҳрон акнун бенавотарин ва осебпазиртарин кишварҳоро ҳадаф гирифтааст.

Вай гуфтааст, аз эҳтимоли бӯҳронҳои башарӣ нигарон аст ва бо сабаби пастрафт коҳиш додани барномаҳои иҷтимоӣ метавонад ба оилаҳои камбизоат ва кӯдакон зарба занад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG