Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти давлати Арманистон тасмим гирифтанд, қурби пули миллияшро комилан озод кунанд ва дар ихтиёри бозор гузоранд. Пештар Беларус ва Қазоқистон ба коҳиши арзиши пули миллии худ иқдом карда буданд.

ПАРВОЗ БА ПОЁН

Дар Арманистон дар давоми як рӯз қурби пули миллии драм қариб 30% коҳиш ёфта, воҳима ва сарусадои зиёд ба вуҷуд овард. Фурӯпошии драм ба он сабаб рӯй дод, ки Бонки Марказии Арманистон тасмим гирифт, пуштибонияшро аз пули миллӣ қатъ кунад. Он дар чанд моҳи охир 360 миллион доллар сарф кард, то қурби пули миллии Арманистонро дар нуқтаи 305 драм дар муқобили 1 доллар нигоҳ дорад. Ва дар ҳоле ки захираҳои Бонки Марказӣ ҳамагӣ дар ҳудуди 1 миллиард доллар боқӣ монд, ин андеша пирӯз омад, ки бонк дигар нахоҳад тавонист, бори сангини ҳифзи сунъии драмро таҳаммул кунад.

ВОҲИМА ДАР МИЁНИ МАРДУМ

Озод шудани қурби драм дар миёни мардум ҳаросу воҳимаро ба вуҷуд овард. Шабакаи супермаркетҳои "Стар" дар Ереван ду соат дарҳои худро баст, то нархномаҳояшро иваз кунад. Зеро савдо бо нархҳои кӯҳна дар ҳоли беқурбшавии драм ба онҳо зарари ҷиддӣ меовард. Чанд фурӯшгоҳи дигар низ нархи молу колоро баландтар карданд. Дар натиҷа ҳазорон нафар аз тарси боло рафтани нархҳо ба харидани миқдори зиёди орду руған ва шакару биринҷ даст заданд. Вақте ки қурби драмро озод гузоштанд, интизори инро доштанд, ки он дар муқобили доллар аз 305 то 360 ё 380 боло хоҳад рафт. Вале дар амал ҳоло як доллар ба 400 драм баробар шудааст.

НАЗАРИ КОРШИНОС


Ричард Гирагосян, таҳлилгари мустақил дар Ереван мегӯяд, қурби драм аз ин поёнтар ҳам афтода метавонад: "Зоҳиран ин танҳо оғози пешбиниҳои хоми Бонки Марказист. Тамоюлҳои макроиқтисодӣ нишон медиҳанд. Бонки Марказӣ бо ногаҳон озод кардани қурби драм тири худро ба ҳадаф расонда натавонист ва акнун мумкин аст, пулҷаллобӣ ҳам ба пасандозҳо ва ҳам ба бонкҳо асар кунад. Баъзе иқтисодишносон дар ин ҷо пешгӯӣ мекунанд, ки як коҳиши 30-дарсадии дигар дар пеш аст."

ҲАРОС АЗ ТАВАРРУМ

Бар замми ин хатаре вуҷуд дорад, ки таваррум суръат бигирад. Коршиносони Сандуқи байнулмилалии пул сатҳи таваррум дар Арманистонро имол 8 дарсад ҳадс мезананд ва рушди даромади нохолиси миллиро якуним дарсад.

ИЛОҶЕ ДАР НОИЛОҶӢ?

Ин як қадами маҷбурӣ ва навмедонаи мақомоти Арманистон буд. Ҳимояти беохир бо роҳи харидани драм ва ҳифзи талабот ба он ба хотири нигаҳдошти қурбаш то рафт душвортар мегашт ва захираҳои давлат барои ин то рафт камтар мешуд. То ҳафтаи гузашта талош ин буд, ки фурӯши доллар маҳдудтар гардад. Аммо ин сабаб мегашт, ки тоҷирон ба бозори сиёҳи асъор рӯ оранд.

РЕШАИ БӮҲРОН

Вале решаи асосии бӯҳрон ин аст, ки то ҳоло Бонки Марказии Арманистон бар пояи пуле амал мекард, ки муҳоҷирони арманӣ аз Русия ва диаспораи арманӣ аз Амрико ба Арманистон мефиристоданд. Маҷрои ин сармояҳо аз ҳарду кишвар бар асари бӯҳрон тақрибан хушкид. Дигар захирае набуд, ки барои нигаҳдошти қурби беш аз арзишаш баланди драм ҳифз гардад.

ЧӢ ХОҲАД ШУД?

Ба ақидаи коршиносон, Арманистон акнун ба як давраи нави дигаргуниҳои иқтисодӣ ворид мешавад, ки дар дарозмуддат ба эҷоди як иқтисодиёти бештар мутавозин ва босамар кӯмак кунад. Бархе аз онҳо ҳатто чунин ҳадсро низ мезананд, ки зарурати иқтисодӣ маҷбур мекунад, ки марзи Арманистону Туркия ҳамчунин наздиктарин масир ба Аврупо боз гардад. Туркия ҳам ба боз шудани он ҳавасманд аст, дар ҳоле ки худ ин марзро дар соли 1993 ба нишони ҳамраъйӣ бо Озарбойҷони дар ҳоли ҷанг барои Қарабоғи Кӯҳӣ баста буд ва аз ин зарари иқтисодӣ мебинад.

АСАРИ КӮТОҲМУДДАТ

Дар кӯтоҳмуддат ин беқурбшавии пули миллӣ Арманистонро ба кӯмакҳои беруна мӯҳтоҷ мегардонад, то аз фурӯпошии кулии иқтисодӣ худро ҳифз кунад. Барои ҳамин ҳафтаи гузашта тавонист бо Русия масъалаи 500 миллион доллар қарзи боимтиёзро ҳал кунад ва Сандуқи байнулмилалии пул, ки озодии қурби драмро тавсия медод, изҳори омодагӣ кардааст, ки 540 миллион доллар ба Арманистон мадад мекунад.

ШАНС БАРОИ РУСИЯ?

Дар ин байн коршиносон аз қарзи Русия ин ҳаросро доранд, ки мумкин аст, нархи он барои Арманистон хеле гарон афтад. Гирагосиян мегӯяд: "Ҷузъиёти ин қарз эълон нашудааст, вале ман нигаронам, ки чанд сол пеш Русия 100 миллион доллар қарзро аз дӯши Арманистон лағв карда, дар иваз хостори сарватҳои стратегии Арманистон шуд. Аз ҷумла бо ин роҳ дар риштаҳои энержӣ, мухобирот ва роҳи оҳани Арманистон тасаллут ба даст овард. Акнун 500 миллион, яъне панҷ баробар бештар ва он ҳам дар давраи афзоиши фишори бӯҳрон."

УМЕД БА ХОРИҶА

Аммо инро ҳам бояд изофа кард, ки Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, барои коҳиши зарбаи бӯҳрон ба Арманистон ҷои 85 миллион доллар хоҳад дод ва бархӯрди ҳам ин ниҳод ва ҳам Сандуқи байнулмилалии пул нишон медиҳад, ки онҳо кӯмак ба Арманистонро идома хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG