Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди Ҳилларӣ Клинтон аз Исроил


Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон, мегӯяд, ҳалли низоъи Исроилу Фаластин бо роҳи таъсиси ду давлат гурезнопазир аст. Пас аз дидор бо вазири умури хориҷии Исроил, Тзипӣ Ливнӣ дар Байтулмуқаддас, Клинтон гуфт, Иёлоти Муттаҳида, ташкили давлати Фаластинро дар паҳлуи Исроил бо қатъияти тамом думбол хоҳад кард. Номзади сарвазирии Исроил, Бенямин Нетаняҳу дар гузашта борҳо ин тарҳи сулҳро танқид ва эҳтимоли бунёди давлати Фаластинро рад кардааст.
XS
SM
MD
LG