Пайвандҳои дастрасӣ

IMF: Бӯҳрон акнун ба кишварҳои бенаво ворид мешавад


Сарони Сандуқи байнулмилалии пул (IMF) мегӯянд, бӯҳрони ҷаҳонӣ акнун рӯ ба қашшоқтарин кишварҳои ҷаҳон овардааст ва 22 мамлакат имсол мумкин аст барои рафъи оқибатҳои он ба 25 миллиард доллар кӯмаки фаврӣ ниёз пайдо кунанд. Мудири иҷроии Сандуқи байнулмилалии пул, Доминик Штраус-Кан ба нақл аз иҳзороти расмии ин ниҳод гуфтааст, баъд аз зарба ба кишварҳои пешрафта ва сипас мамолики дар ҳоли рушд, мавҷи савуми бӯҳрон акнун бенавотарин ва осебпазиртарин кишварҳоро ҳадаф гирифтааст. Вай гуфтааст, аз эҳтимоли бӯҳронҳои башарӣ нигарон аст ва бо сабаби пастрафт коҳиш додани барномаҳои иҷтимоӣ метавонад, ба оилаҳои бебизоат ва кӯдакон зарба занад.
XS
SM
MD
LG