Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози дубораи парвозҳо аз Қӯрғонтеппа ба Хуҷанд


Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикэйр" баъд аз таваққуфи чандсола эълом кардааст, ки парвози ҳавопаймоҳо дар масири ҳавоии Қӯрғонтеппа-Душанбе-Хуҷандро аз сар гирифтааст. Ҳадаф аз ин иқдом беҳбуд бахшидан ба хадамоти ҳавопаймоӣ барои сокинони минтақаҳои ҷануб ва шимоли кишвар дар фасли баста будани ағбаҳо дониста мешавад. Парвози ҳавопаймоҳо дар ин хатти сайр бо истифода аз ҳавопаймоҳои сохти русии “АН-24” ва “Як-40”, ки барои 36 нафар мусофир пешбинӣ шудааст, ҳафтае се бор дар назар гирифта шудааст. Масъулони ширкати "Тоҷикэйр" мегӯянд, ки дар сурати пайдо шудани ниёзи бештар парвози ҳавопаймоҳо дар ин хатти сайр афзоиш дода хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG