Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пешниҳоди нави гуфтушуниди ҳастаӣ бо Эрон


Панҷ кишвари дорои силоҳи ҳастаӣ бар изофаи Олмон ба Эрон муколамаи мустақими ҳалли ихтилофоти ҳастаиро пешниҳод карданд. Бо даъвати ин ки Теҳрон бояд талабҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милалро иҷро кунад, Бритониё, Иёлоти Муттаҳида, Русия, Фаронса ва Чин, аъзои доимии Шӯрои Амният бо изофаи Олмон як изҳоротеро ба Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ пешниҳод карданд. Дар он гуфта мешавад, ки ин кишварҳо барои ҳалли баҳси ҳастаӣ бо Эрон аз талошҳои қавии дипломатӣ кор хоҳанд гирифт.
XS
SM
MD
LG