Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифати СММ ба интихоботи зуд дар Афғонистон


Намояндаи баландпояи Созмони Милал аз тарҳи раисиҷумҳури Афғонистон дар баргузории зудтари интихобот изҳори нигаронӣ кард. Карзай хостааст, ки интихоботи президентии Афғонистон на дар моҳи август, балки дар моҳи апрел баргузор шавад. Алан Ле Рой, ноиби Дабири кулли СММ дар умури ҳифзи сулҳ гуфт, баргузории интихобот пеш аз моҳи июл бо сабабҳои амниятӣ, таъминотӣ ва фаннӣ мушкил хоҳад буд. Вай афзуд, дар ҳолати зуд баргузор кардани интихобот натиҷаҳои боварбахш ба даст овардан тақрибан номумкин аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG