Пайвандҳои дастрасӣ

Вошингтон равобиташро бо Димишқ эҳё мекунад


Вошингтон барои музокироти муқаддамотӣ бо раҳбарони Сурия ду намояндаи худро ба Димишқ мефиристад. Дар ин бора Ҳилларӣ Клинтон, Котиби давлатии ИМА хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ин иқдом – беҳбуд бахшидан ба равобити миёни Амрико ва Сурия аст. Таниш миёни Вошингтон ва Димишқ замони маъмурияти Ҷорҷ Буш боло рафт – Кохи Сафед Сурияро дар пуштибонӣ аз терроризм айбдор мекард.

Ҳилларӣ Клинтон, ки айни ҳол бо як сафари корӣ дар Исроил қарор дорад, дар сӯҳбат бо хабарнигорон бори дигар пуштибонии Вошингтон аз музокироти сулҳ ба хотири хатми низоъ миёни Исроил ва Фаластинро эълон кард. Ӯ ҳамчунин изҳор намуд, ки Амрико хостори ташкили давлати Фаластин аст. Котиби давлатии Амрико имрӯз бо Бениамин Нетаняҳу, ки таъсиси ҳукумати нави Исроилро бар дӯш дорад, музокирот анҷом дод. Ҳилларӣ Клинтон гуфт, ки Вошингтон аз раҳбари Идораи худгардони Фаластин Маҳмуди Аббос пуштибонӣ мекунад. Музокироти хонум Клинтон ва Маҳмуд Аббос фардо дар Каронаи бохтарии руди Урдун баргузор хоҳад шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG