Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон: ИМА хостори идомаи музокироти сулҳ аст


Ҳилларӣ Клинтон, Котиби давлатии ИМА, бори дигар пуштибонии Вошингтон аз музокироти сулҳ ба хотири хатми низоъ миёни Исроил ва Фаластинро эълон кард. Ӯ ҳамчунин изҳор намуд, ки Амрико хостори ташкили давлати мустақили Фаластин аст. Хонум Клинтон барои нахустин бор ба ҳайси вазири умури хориҷаи ИМА вориди Исроил шуд. Ӯ имрӯз бо Бениамин Нетаняҳу, ки таъсиси ҳукумати нави Исроилро бар дӯш дорад, музокирот анҷом дод. Ҳилларӣ Клинтон гуфт, ки Вошингтон аз раҳбари Идораи худгардони Фаластин Маҳмуди Аббос пуштибонӣ мекунад. Музокироти хонум Клинтон ва Маҳмуд Аббос фардо дар Каронаи бохтарии руди Урдун баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG