Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор даста - дар даври ниманиҳоӣ


Бозиҳои даври охирини сабқати гурӯҳии Ҷоми ёдбуди Рустам Долтабоев 3-юми март дар шаҳри Душанбе баргузор шуданд.

Нахуст дар сабқати гурӯҳи «А» дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода рақобат карданд. Ин бозӣ бо пирӯзии «Равшан» бо ҳисоби 2:1 ба анҷом расид.

Сипас дар сабқати гурӯҳи «Б» дастаҳои «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Истиқлол»-и Душанбе қувва озмуданд. Ин дидор бо ғалабаи «Истиқлол» бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт.

Ҳарду бозӣ дар майдони футболи Донишкадаи варзиши Тоҷикистон зери борони шадид сурат гирифт.

Бад-ин тартиб сабқати гурӯҳӣ бо ширкати 6 даста шоми сешанбе ба поён расид. Дар гурӯҳи «А» се даста - «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, «Энергетик»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб 3-имтиёзӣ гирифтанд. Аз рӯи таносӯби беҳтари тӯбҳо «Регар» ТадАЗ ҷои аввал ва «Энергетик» ҷои дуввумро касб карда, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо 6 имтиёз ғолиби гурӯҳи «Б» гардид. «Гвардия»-и Душанбе бо 3 имтиёз дар ҷои дуввум қарор гирифт. «Истиқлол» ва «Гвардия» ба нимфинал баромаданд.

Ҳамин тариқ, дар даври ниманиҳоӣ 5-уми март «Регар» ТадАЗ бо «Гвардия» ва Истиқлол» бо «Энергетик» бозӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG