Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қатъи пахши барномаҳои РТР Планета дар Тоҷикистон


Пахши барномаҳои шабакаи телевизионии РТР-Планета (Русия) дар қаламрави Тоҷикистон қатъ гардид. Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ин тасмимро бо имзо нашудани созиш миёни ширкати “Телерадиоком” ва масъулини РТР-Планета барои пахши барномаҳои ин шабака дар қаламрави Тоҷикистон марбут кард. Раҳбарони Кумита ҳамчунин мегӯянд, ки шурӯъ аз соли 1998 қимати пахши барномаҳои РТР-Планета боло нарафтааст, ҳарчанд тайи беш аз даҳ соли ахир қимати нерӯи барқ ва дигар хадамот ба карат афзоиш ёфтааст. Аввалҳои сол Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон изҳор карда буд, ки пахши барномаҳои шабакаи РТР-Планета шояд қатъ шавад, зеро шабака аз Тоҷикистон 4,5 миллион рубли русӣ қарздор аст. Тибқи иттилоъи Кумитаи телевизион ва радио, ВГТРК ё Ширкати давлатии телевизиону радиои Русия қарзро пардохт кардааст ва аммо то ҳанӯз зери созиш дар бораи пахши барномаҳо имзо нагузоштааст.
XS
SM
MD
LG