Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Браун меҳмони Обама мешавад


Имрӯз дар Вошингтон нахустин музокирот миёни раисиҷумҳури ИМА Барак Обама ва сарвазири Бритониё Гордон Браун баргузор мешавад. Дар арафаи ин сафар Гордон Браун изҳор намуд, ки дар сӯҳбат бо раҳбари Амрико ба зарурати ҳамкории густардаи ҳама кишварҳо дар роҳи муқовимат бо бӯҳрони иқтисодӣ таъкид хоҳад кард. Сарвазири Бритониё дар робита ба нишасти сарони бист кишвари пешрафтаи саноатии олам, ки моҳи оянда дар Лондон доир мешавад, ба кор гирифтан аз тасмимҳои қатъӣ даъват кард.

Интизор меравад, Гордон Браун дар чаҳорчӯби сафараш ба ИМА дар назди вакилони ҳарду палатаи Конгресс ҳам суханронӣ кунад.
XS
SM
MD
LG