Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди нави Обама ба Медведев


Иёлоти Муттаҳида мустақарсозии сипари мушакии худ дар Аврупоро мутаваққиф хоҳад кард, агар Русия мақомоти Эронро барои даст бардоштан аз коркарди силоҳи ҳастаӣ ва сохтани мушакҳои дурпарвоз мутмаин кунад. Ба иттилоъи расонаҳои амрикоӣ, ин пешниҳоди Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА дар як нома унвонии президенти Русия Дмитрий Медведев ироа шудааст. Нашрияҳои New York Times ва Washington Post менависанд, ки ин нома миёнаҳои моҳи феврал ба сарвари Русия фиристода шудааст. Ва аммо манобеъи расмӣ, ки ба нашрияҳо дар бораи ин нома хабар додаанд, аз ифшои ному насабашон сарпечӣ кардаанд. Гуфта мешавад, ки Обама то ҳанӯз ба номаи худ посух нагирифтааст.

Русия ба тарҳи мустақарсозии сипари мушакии ИМА дар Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон, ки аз сӯи маъмурияти Ҷорҷ Буш таҳия шудаааст, қатъан мухолиф аст.
XS
SM
MD
LG