Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаҳои Тоҷикистон ба Непал мераванд


Конфедеросиюни футболи Осиё кишварҳои мизбони сабқати интихобии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё байни наврасони то 16-сола ва ҷавонони то 19-соларо тасдиқ намуд.

Аз ҷумла дастаҳои мунтахаби наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои ширкат дар сабқати интихобӣ ба Непал сафар хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, дастаи ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон бар асоси қуръакашӣ дар гурӯҳи «А» бо тимҳои Урдун, Яман, Непал, Фаластин ва Қирғизистон рақобат хоҳад кард.

Рақибони дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» тимҳои Эрон, Баҳрайн, Лубнон, Непал ва Ҷазоири Молдив мебошанд.
XS
SM
MD
LG