Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумон ҷавон хоҳад шуд?


Ҳарчанд аксари аҳзоби сиёсии Тоҷикистон феҳристи номзадҳои эҳтимолияшон ба интихоботи соли ояндаи Маҷлиси намояндагонро ҳоло таҳия накардаанд, аммо мегӯянд, ин дафъа феҳристи ба қавле ҷавон хоҳанд дошт.

Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистӣ мегӯяд, бо ҳадафи ширкат дар ин маъракаи сиёсӣ онҳо аз ҳоло чанд ҷавони 25 то 35 - солаи ин ҳизбро омода карда истодаанд. Ҳамчунин, ҷиҳати омодагӣ ба интихоботи порлумони соли 2010 ва бо ҳадафи ҷалб ва боло бурдани донишҳои сиёсии ҷавонон дар назди Ҳизби сотсиалистӣ созмоне бо номи «сотсиалисти ҷавон» низ таъсис ёфтааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба қавли Абдуҳалим Ғафуров, дар феҳрасти номзадҳои пешбаришудаи ҳизби сотсиалистӣ дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон дар соли 2005 номзади ҷавоне набуд. Имрӯз ҳизби мазкур ҳудуди 200 аъзои ҷавон доштааст.

Аммо теъдоди аъзоёни ҷавони Ҳизби сотсиал-демократ бештар, 3 ҳазор нафар будааст. Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ин ҳизб дар сӯҳбат ба «Ояндасоз» гуфт, бо вуҷуди он, ки дар интихоботи қаблии порлумонӣ номзадҳои ҷавони онҳо ноком ва ҳатто ба фишору монеаҳо дучор шуданд, дар интихоботи навбатӣ ҳам, онҳо тасмим доранд боз ҳам ҷавонони фаъолу огоҳи ҳизбро пешбарӣ кунанд.

Мақомоти Ҳизби ҳокими халқӣ демократӣ низ дар робита ба пешбарии аъзои ҷавонаш пайваста гуфтаанд, ки бо назардошти кишвари ҷавонон будани Тоҷикистон албатта барои доштани вакили ҷавон дар порлумони оянда саъй хоҳанд кард.

Қамариддин Афзалӣ, корманди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, аз ҷараёни корҳои омодагӣ ва интихоботҳои маҳаллӣ собит шудааст, ки ҳизби онҳо низ номзадҳои мувофиқи ҷавон барои пешбари ба интихоботи порлумони соли ояндаро дорад, аммо ба қавли Қамариддин бархе аз бандҳои қонуни интихобот барои ворид шудани шумори бештари ҷавонон ба порлумон монеа мешавад. Масалан, маблағи гаравпулӣ.

Зимнан, аксари аҳзоби кишвар аз ҳамин маблағи гаравпулӣ, ки 5000 сомонӣ муайян шудааст, норозигӣ мекунанд ва ҷиҳати лағви он ба порлумон пешниҳодҳо ҳам доштанд. Раҳматулло Валиев, сарпарасти Ҳизби демократии ҷиноҳи Маҳмадрӯзӣ Искандаров мегӯяд, дар сурати лағви ин маблағ ва бознигарӣ шудани қонун дар бораи интихобот, онҳо низ ширкат ва номзадҳои ҷавони худро пешбарӣ хоҳанд кард.

Вале бо таҷриба аз интихоботи солҳои қаблӣ, бархе аз ҷавонони огоҳи тоҷик ба пешбарии номзадҳои ҷавон аз сӯи аксари аҳзоби сиёсии кишвар ва ҳам пирӯзии онҳо дар ин интихобот чандон бовар надоранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Акрам ном ҷавоне, бо роҳ ёфтани ҳадди аққал 5 ҷавон ба порлумони ба қавле миёнсоли кишвар, имкон дорад фазои сокиту якранги он тағйир ёбад.
XS
SM
MD
LG