Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон ба Қирғизистон барои бунёди қисмати роҳи нақлиётии Уш – Ботканд аз тариқи қаламрави ноҳияи Исфараи вилояти Суғд иҷозат дод.

Ин роҳи нав масофаи миёни ду вилояти мазкури Қирғизистонро хеле кӯтоҳ ва мустақим хоҳад кард.

Дар мулоқоти дабирони Шӯроҳои амнияти ин ду кишвар дар Хуҷанд дар рӯзи 3 – юми феврал Амирқул Азимов – котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизи ӯ - Адахан Мадумаров дар ин маврид зери як протокол имзо гузоштанд. А. Азимов гуфт, заминаи ин протоколро созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар соли 2005 фароҳам оварда буд: ҷониби қирғиз ба сохтмони хати барқи 200 – миёни Ботканд ва Конибодом ба муддати 49 сол замин ба иҷора медиҳад, аз сӯи дигар ин ҷониб низ барои сохтмони роҳ ба ҷониби қирғиз ба ҳамин муҳлат низ замин иҷора медиҳад. Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон афзуд, дар навбати аввал сохтмони хати барқи мазкур дар соли 2006 ба итмом расид, ва инак дар марҳалаи дуюм, бунёди роҳ ҳамакнун ҳалли худро пайдо кард.

Адахон Мадумаров, котиби шӯрои амнияти Қирғизистон мулоқот ва нишасти Шӯроҳои амнияти тоҷику қирғизро дар танзими фаъолияти мақомоти ҳар ду ҷониб ба хотири аз байн бурдани баъзе ҳамдигарнофаҳмиҳо ва низоъҳои эҳтимолӣ дар маҳалҳо дар масъалаҳои истифодаи якҷояи обу замин ва роҳҳои муштарак дар манотиқи наздисарҳадӣ муфид хонд. Ӯ гуфт, тибқи тасмими ҷонибҳо марзбонҳои ҳар ду кишвар дар муддати 5 соат дар ҷои рухдоди низоъи эҳтимолӣ ҳозир гардида, ҳамҷоя дар ҳалли он хоҳанд кӯшид.

Нишасти навбатии котибони Шӯроҳои амнияти Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд дар рӯзи 3 – юми март бо иштироки котибони Шӯроҳои мазкур, раисони вилоятҳои Суғду Ботканд ва як идда сарони вазоратхонаву ниҳодҳои дигари марбутаи ҳар ду кишвар сурат гирифт.
XS
SM
MD
LG