Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радован Караҷич аз нав дархости бегуноҳӣ мекунад


Собиқ раҳбари сербҳои Боснӣ, Радован Караҷич, қарор аст, имрӯз ба додгоҳи ҷиноятҳои ҷангии Созмони Милал ариза супорад. Моҳи августи соли гузашта яке аз доварони додгоҳи Ҳейг ё Гаага дар муқобили айбномаи ҷиноятҳои ҷангии Караҷич ва наслкушӣ, аз ҷумла қатли оми 8 000 мусулмон дар Сребренитса дар соли 1995 аризаи бегуноҳии ӯро пешниҳод карда буд. Аммо додситонҳо ба айбнома тағйир ворид карданд ва акнун Караҷичро зарур аст, имрӯз аризаи нав ворид кунад. Айбномаи нав иттиҳоми қатли 140 боздоштшударо дар урдугоҳи Сушитса дар моҳи сентярби соли 1992 изофа кардааст.
XS
SM
MD
LG