Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баста шудани хобгоҳҳои муҳоҷирон дар Маскав


Мақомоти додситонии Маскав хабар доданд, ки чанд хобгоҳи ба гуфтаи онҳо ғайриқонунии муҳоҷиронро баста, наздик ба 4 000 шаҳрванди хориҷиро аз онҳо берун кардаанд. Додситонии кулли Русия гуфтааст, ин муҳоҷирон бе ҳаққи иқомат дар Маскав бо корҳои сохтмон ва тиҷорат машғул будаанд. Ҳамзамон Додситонии байниноҳиявии Никулини Маскав хабар дод, ки аз як хобгоҳ дар наздикии бозори "Престиж-М" 23 шаҳрванди Тоҷикистон ва Узбакистонро бо айни иттиҳомот боздошт кардааст.
XS
SM
MD
LG