Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Рафсанҷонӣ ва Толибонӣ дар Бағдод


Раисиҷумҳури пешинаи Эрон, Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ бо президенти Ироқ, Ҷалоли Толибонӣ дар Бағдод мулоқот кард. Сафари серӯзаи Рафсанҷонӣ ба Ироқ дар силсилаи рафтуомадҳои ахир аз гармии босуръати байни ду кишвар паём медиҳад. Дар ҳарду кишвар қудрат дар дасти раҳбарони шиъамазҳаб аст. Толибонӣ дар нишасти хабарии муштарак дар Бағдод гуфт: "Шайхи олиқадр ҳамчун меҳмони барҷастае аз Ироқ дидан мекунад ва бо ҳамаи мақомоти ҳукумати Ироқ мулоқот ва аз амокини муқаддас зиёрат мекунад. Вай ҳамчунин бо намояндагони равияҳои гуногуни ҷомеаи Ироқ гуфтугӯ ва равобити муштараки Ироқу Эронро баррасӣ хоҳад кард."

П: Ҷавобан ба ин суханони раисиҷумҳури Ироқ, Рафсанҷонӣ дар Бағдод чунин гуфт: "Мо ҳанӯз фурсати ин ки дар бораи масоили муштараки мавриди алоқаи ду тараф сӯҳбат бикунем пайдо накардем. Баъд аз ин маросим музокиротамонро шурӯъ мекунем. Албатта, ду-се рӯз қабл мо дар Теҳрон бо мӯҳтарам ҷаноби Толибонӣ мулоқот доштем, бо ҳамроҳонашон сӯҳбатҳое кардем, ки ҳамонҳоро такмил мекунем."

П: Рафсанҷонӣ ҳамчун яке аз чеҳраҳои бонуфузи Эрон раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом мебошад, ки ба фаъолияти раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ нозир буда, ҷойгузини баъдинаи ӯро интихоб мекунад.
XS
SM
MD
LG