Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамоиши ҷаҳонии кӯмак ба бозсозии Навори Ғазза


Дар Шарм-ул-Шайхи Миср ҷаласаи байнулмилалии кӯмак ба бозсозии Навори Ғазза ифтитоҳ шуд. Дар ин нишаст ҳайатҳои 75 кишвари олам ширкат доранд.

Сарвазири Фаластин Салом Файоз барои аҳли нишаст тарҳеро пешниҳод кард, ки тибқи он барои бозсозии манзил ва мактабу бемористонҳо дар навори Ғазза аз ҷомеаи ҷаҳонӣ 1 миллиарду 300 миллион доллар дархост шудааст.

Гуфта мешавад, ироаи кумаки молӣ барои эҳёи навори Ғаза мушкил нахоҳад буд – интизор меравад дар ин нишаст кишварҳои сармоягузор ваъдаи кумаки афзуни молӣ кунанд. Қабл аз конфронс Иттиҳодияи Аврупо барои тахсиси 550 миллион доллар изҳори омодагӣ карда буд. Шаш кишвари узви Шӯрои ҳамкориҳои Халиҷи Форс ваъда карданд, ки дар маҷмӯъ барои эҳёи Ғазза як миллиарду 650 миллион доллар ҷудо мекунанд.

Ҳилларӣ Клинтон, котиби давлатии ИМА зимни суханронӣ дар ин нишаст эълом дошт, ки кишвараш омода аст барои бозсозии ин минтақаи бар асари ҷанг тахрибшуда 900 миллион доллар ҷудо намояд. Ӯ афзуд, ки ҳукумати Барак Обама эҳёи навори Ғаззаро чун яке аз бахшҳои дастёбӣ ба сулҳи Ховари Миёна арзёбӣ мекунад: “Зимни ваъдаи тахсиси ин маблағ мо ҳадафҳои кутоҳмуддат ва дарозмуддатро ба инобат гирифтаем. Вокуниш ба ниёзмандиҳои оҷили феълии мардуми фаластинӣ кофӣ нест. Рафъи бӯҳрони феълӣ дар Ғазза – ин як бахши талошҳои густарда барои расидан ба сулҳи комил аст.”

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи коршиносон, мушкили аслӣ на дарёфти сармоя, балки чӣ гуна ва бо кадом аҳдоф масраф кардани он хоҳад буд. Миср ва Исроил ба хотири ҷилавгирӣ аз қочоқи силоҳ ва убури марз аз сӯи фаластиниҳо марзҳои худро бо навори Ғазза баста нигаҳ медоранд ва ин вазъ вуруди масолеҳи бинокорӣ барои эҳёи навори Ғаззаро ғайримумкин мегардонад.

Вазири рушди байналмилалии Британия Дуглас Александр рӯзи якшанбе дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар навори Ғазза гуфт, ки ӯ аз фоҷеаи башарӣ дар ин минтақа сахт мутаассир шудааст ва аз ин рӯ бояд роҳҳои расонидани ин кумакҳо пайдо шаванд. “Ман меравам то паёми рӯшани ҳукумати Британияро расонам, ки мо хостори вуруди комил ва бидуни монеаи кумак ва кумакрасонҳо ба ин ҷо, ба навори Ғазза мебошем. Миқёси азияти мардум дар ин ҷо баланд боқӣ мемонад.”

Мақомоти Исроил мегӯянд, ки аз талошҳои эҳёи навори Ғазза пуштибонӣ мекунанд ва аммо аз ҳама гуна кумак ба нафъи мусаллаҳони навори Ғазза ҷилавгирӣ хоҳад кард.

Ва аммо интиқоли бору масолеҳи сохтмонӣ фақат яке аз мушкилот дар роҳи эҳёи навори Ғазза аст. Мушкили дигар он аст, ки ин маблағҳо дар ихтиёри киҳо ва кадом гурӯҳ қарор хоҳанд гирифт. Ягон кишвари сармоягузор хостори ба ихтиёри мусаллаҳони гурӯҳи Ҳамос расидани маблағҳо нест, ҳарчанд ин минтақа то ҳол таҳти назорати гурӯҳ боқӣ мемонад. Ҳамос ҳам аз сӯи Иттиҳодияи Аврупо ва ҳам аз сӯи ИМА ба феҳристи гурӯҳҳои даҳташафкан шомил шудааст ва аз ин рӯ, ҳайати ин гурӯҳ барои ширкат дар нишасти Шарм-ул-Шайх даъват нашудааст.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи коршиносон, дар ихтиёри ҳукумати худгардони фаластиниҳо ҳам гузоштани маблағи кумакҳои байнулмилалӣ ба ҳалли мушкил мусоидат нахоҳад кард – Ҳамос ва Ҳукумати худгардони фаластинӣ рақибони деринаанд ва Ҳамос ба дахолати ҳукумати Маҳмуд Аббос ба умури навори Ғазза иҷоза нахоҳад дод. Дар ҳамин ҳол мақомоти ИМА изҳор намуданд, ки онҳо кумакҳои молии худ ба навори Ғаззаро аз тариқи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ироа хоҳанд кард.

Дар нишасти кишварҳои сармоягузори навори Ғазза, ба ҷуз хонум Ҳилларӣ Клинтон, ҳамчунин Дабири кулли СММ Бан Ки-мун, вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ва раҳбари бахши сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Ҳавиер Солана ширкат мекунанд. СММ, Иттиҳодияи Аврупо, Иёлоти Муттаҳида ва Русия аъзои ба истилоҳ “чаҳоргона”-и байнулмилалии мусоидат ба сулҳи Ховари Миёнаанд.
XS
SM
MD
LG