Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии аҳзоби Русия аз тақаллуб дар интихобот


Аҳзоби мухолифи ҳукумати Русия аз тақаллубу қонуншиканиҳои, ба гуфтаи онҳо,"бесобиқа" дар интихоботи мақомоти маҳаллӣ изҳори нигаронӣ кардаанд. Бегаҳи рӯзи душанбе Комиссиюни Марказии интихоботии Русия натоиҷи интихоботи мақомоти маҳаллии рӯзи якшанберо эълон кард, ки тибқи онҳо, дар 9 минтақае, ки интихоботи маҷлисҳои қонунбарор доир гардид, ҳизби “Русияи воҳид” пирӯз шудааст. Ба гуфтаи Владимир Чуров, раиси Комиссиюни Марказии интихоботи Русия, дар ин манотиқ Ҳизби Комунист, Ҳизби Либерал-демократӣ ва ҳизби “Русияи боадолат” низ раъйҳои зарурӣ ба даст овардаанд.

Дар ҳамин ҳол Геннадий Зюганов, раиси Ҳизби коммунисти Русия изҳор намуд, ки ҳизби ӯ аз рӯи 60 далели қонуншиканӣ дар интихобот ба Додситонии кулл ва дигар мақомоти иҷроияи кишвар шикоят хоҳанд бурд. Зюганов афзуд, ки ҳизби Коммунист барои, ба истилоҳ, "изҳори нобоварии дастаҷамъӣ" ба раиси Комиссиюни Марказии интихобот Владимир Чуров омодагӣ мегирад. Ҳизби либерал-демократӣ ҳам изҳор намуд, ки натоиҷи расмии интихоботро қабул надорад.Аз ин пеш Сергей Миронов, раҳбари ҳизби “Русияи боадолат” ва раиси Шӯрои федератсиони Русия эълом дошт, ҳизби ӯ лағви натоиҷи раъйдиҳӣ дар ҳавзаҳоеро талаб хоҳад кард, ки дар он ҷо мақомоти интихоботӣ даст ба тақаллуб задаанд.

XS
SM
MD
LG