Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбозон раисиҷумҳури Гвинея-Бисауро куштанд


Жоао Бернардо Виейра, раисиҷумҳури Гвинея-Бисау, субҳи имрӯз аз сӯи низомиёни кишвар кушта шуд. Ду сокини маҳаллӣ ба хабаргузории Рейтер гуфтаанд, ки ин иттилоъро муҳофизони раисиҷумҳур табйид кардаанд. Ба гуфтаи яке аз муҳофизон, ҷасади Виейра айни ҳол дар манзили ӯст. Хабаргузории Франс Пресс бо такя ба сухангӯи артиш иттилоъ дод, раисиҷумҳур замоне ҳадафи тир қарор гирифт, ки мехост манзили аз сӯи сарбозон муҳосирашудаашро тарк кунад. Хабаргузориҳо менависанд, ки айни ҳол дар пойтахти кишвар - Бисау тирпарронӣ идома дорад.

Бегаҳи дирӯз таркиши неруманде бинои ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Гвинея-Бисауро қисман тахриб кард. Бар асари инфиҷор сардори ситод генерал Батиста Тагме На Вай кушта шуд ва панҷ тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Ин куштор боиси нооромиҳо дар кишвар гардид. Низомиён дар ин амал раисиҷумҳурро айбдор донистанд ва манзили ӯро муҳосира карданд.

Жоао Бернардо Виейра аз соли 1980 ба ин сӯ раёсати Гвинея-Бисауро бар дӯш дошт. Ин кишвари африқоӣ то соли 1974 таҳти фармони Португалия буд. Ва аммо истиқлол кишварро ба гирдоби задухурдҳо миёни гурӯҳҳои гуногун кашид ва Гвинея-Бисау айни ҳол ҳамчунин яке аз кишварҳои тронзитии интиқоли маводи мухадир ба Аврупо маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG