Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ордени сулҳ" ба дипломати тоҷик супурда шуд


“Ордени сулҳ” – ҷоизаи байнулмилалӣ дар бахши сулҳофарӣ ва хайрия ба сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев супурда шуд. Ба иттилоъи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ин орден ба дипломати тоҷик дар чаҳорчӯби Ҷашнвораи байнулмилалии “Ҷаҳони некусиришт” супурда шудааст. Дар маросими супурдани “Ордени сулҳ” дар Кохи Кремл дипломатҳо аз Панама, Сенегал, Индонезӣ, Словения, Украина, Озарбойҷон ва Арманистон, зиёиён, варзишгарон ва раҳбарони созмонҳои хайрия ширкат доштанд. Гуфта мешавад, ки ҷоиза ба дипломати тоҷик “барои саҳмаш дар таҳкими дӯстии халқҳо” эҳто гардид.
XS
SM
MD
LG