Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миронов хостори муҷозоти тақаллубкорон шуд


Сергей Миронов, раҳбари ҳизби “Русияи боадолат” ва раиси Шӯрои федератсиони Русия эълом дошт, ҳизби ӯ лағви натоиҷи раъйдиҳӣ дар ҳавзаҳоеро талаб хоҳад кард, ки дар он ҷо даст ба тақаллуб задаанд. Ба гуфтаи ӯ, он аъзои комиссиюнҳои интихоботӣ, ки қонуншиканӣ кардаанд, бояд ҳатман муҷозот шаванд. Сергей Миронов тақаллуб зимни ҳисобу китоби раъйҳоро ҳамчун “ҷиноят алайҳи сохти конститутсионии Русия” арзёбӣ кард ва афзуд, ки нозирон аз ҳизби “Русия боадолат” дар ҳама манотиқ фаъолият доранд. Дар арафаи интихоботи мақомоти маҳаллӣ дар шаҳраки Балашихаи канори Маскав бинои бахши маҳаллии ҳизби “Русияи боадолат” оташ зада шуд.

Интихоботи мақомоти маҳаллӣ рӯзи якшанбе дар 79 минтақаи Русия баргузор гардид. Тибқи иттилоъи пешакӣ, дар 9 минтақае, ки интихоботи маҷлисҳои қонунбарор доир шуд, ҳизби “Русияи воҳид” пешсаф аст. Владимир Чуров, раиси Комиссиюни Марказии интихоботи Русия, изҳор намуд, ки дар ин манотиқ ҳамчунин Ҳизби комунист, Ҳизби Либерал-демократӣ ва “Русияи боадолат” низ раъйҳои зарурӣ ба даст овардаанд.

XS
SM
MD
LG