Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори афроди мусаллаҳ ба Исломобод


Ҷабҳаи муттаҳидаи озодихоҳи Балуҷистон ҳушдор дод, ки агар тайи чаҳор рӯзи оянда талабаш иҷро нашавад, корманди рабудашудаи Созмони Милали Муттаҳид Ҷон Солетскиро ба қатл мерасонанд. Ин ҷабҳа аз мақомоти Покистон раҳоии ҳазор тан аз аъзои худро тақозо кардааст, ки аз сӯи хадамоти амниятии кишвар боздошт шудаанд.
Афроди мусаллаҳ раҳбари раёсати Идораи СММ дар умури паноҳандагон дар Балуҷистон, шаҳрванди Амрико Ҷон Солетскиро як моҳ қабл дар минтақаи ҷанубу ғарби Покистон рабуданд.

XS
SM
MD
LG