Пайвандҳои дастрасӣ

Муддаъиёни Ҷоми Рустам Долтабоев


Сабқати ниҳоии Ҷоми ёдбуди Рустам Долтабоев, яке аз поягузорони футболи тоҷик, бо ширкати 6 даста дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад.

Мусобиқа дар ду гурӯҳ сурат гирифтааст. Дар гурӯҳи «А» дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо 3 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. Қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар нахустин дидори худ бар «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. «Энергетик», ки дар даври дуввум «Равшан»-и Кӯлобро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард, бо 3 имтиёз дар ҷои дуввум аст.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо 3 имтиёз дар садри ҷадвали гурӯҳи «Б» қарор дорад. Ин даста низ бар «Гвардия»-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. «Гвардия», ки дар бозии дуввумаш «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод, бо 3 имтиёз дар ҷои дуввум мебошад.

Дар даври охирини сабқати гурӯҳӣ 3-юми март «Регар» ТадАЗ бо «Равшан» ва «Истиқлол» бо «Вахш» рақобат хоҳанд кард.

Бар асоси низомномаи мусобиқа дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дуввумро соҳиб мешаванд, ба даври ниманиҳоӣ (5-уми март) роҳ меёбанд.

Барандаи Ҷоми Рустам Долтабоев 7-уми март муайян хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG