Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Ҳилларӣ Клинтон ба Ховари Миёна


Ҳилларӣ Клинтон
Ҳилларӣ Клинтон

Котиби давлатии ИМА Ҳилларӣ Клинтон дар аввалин сафари худ ба Ховари Миёна вориди Миср шуд.

Имрӯз қарор аст, Ҳилларӣ Клинтон дар конфронси Шарм-уш-шайх дар робита ба масъалаи бозсозии Навори Ғазза ширкат кунад. Клинтон ҳамчунин ба Исроил ва Каронаи Бохтарии рӯди Урдун низ сафар хоҳад кард.

Дар конфронси бозсозии баъдиҷангии Навори Ғазза, ки имрӯз дар Миср шурӯъ мешавад, қарор аст барномаҳои кумак ба ин барнома эълон шаванд.

Бар асари ҳамлаи Исроил ба ин ҷо, ки 22 рӯз идома кард, садҳо маскан, бемористон, мактаб ва биноҳои дигар тахриб шуда, 1300 фаластинӣ ба ҳалокат расид. Сарвазири маъмурияти худгардони Фаластин Салом Фуод гуфтааст, барномаи бозсозии Навори Ғазза ба 2 миллиарду 800 миллион доллар ниёз дорад.

Вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон қарор аст, ваъдаи 300 миллион доллар барои бозсозии Ғазза ва 600 миллион доллар барои маъмурияти худгардони Фаластинро эълон кунад.

Ҳамос, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида созмони террористӣ унвон шудааст, барои ширкат дар конфронси Шарм-уш-шайх даъватнома нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG