Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамоише дар Миср барои бозсозии Навори Ғазза


Дар конфаронси бозсозии баъдиҷангии Навори Ғазза, ки имрӯз дар Миср шурӯъ мешавад, қарор аст, барномаҳои кӯмак ба ин барнома эълон шаванд. Бар асари ҳамлаи Исроил ба ин ҷо, ки 22 рӯз идома кард, садҳо маскан, бемористон, мактаб ва биноҳои дигар тахриб шуда, 1300 фаластинӣ ба ҳалокат расид. Сарвазири маъмурияти худгардони Фаластин, Салом Фуод гуфтааст, барномаи бозсозии Навори Ғазза ба 2 миллиарду 800 миллион доллар ниёз дорад. Вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон қарор аст, ваъдаи 300 миллион доллар барои бозсозии Ғазза ва 600 миллион доллар барои маъмурияти худгардони Фаластинро эълон кунад. Ҳамос, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида созмони террористӣ унвон шудааст, барои ширкат дар конфаронси Шарм-уш-шайх даъватнома нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG