Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон ба интиқоли барқи Туркманистон оғоз кард


Тибқи хабарҳо, Узбакистон транзити нерӯи барқи Туркманистонро ба Тоҷикистон, ки дар аввалҳои моҳи январи соли равон ба таври якҷониба қатъ карда буд, аз сар гирифт. Дар ин бора намояндаи ширкати "Барқи тоҷик" ба хабаргузории ИТАР-ТАСС иттилоъ додааст. Ин манбаъ гуфтааст, ризоият дар бобати эҳёи интиқоли барқи Туркманистон ба Тоҷикистон дар мулоқоти миёни раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ноиби сарвазири Узбакистон Рустам Азимов ҳосил шудааст. Аммо манобеъи дигар мегӯянд, ризоят ба шурӯъи дубораи интиқоли нерӯи барқ дар мулоқоти президентҳои Узбакистон ва Туркманистон, Ислом Каримов ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба даст омадааст. Тошканд интиқоли барқро бо ҳадафе аз сар гирифт, ки Тоҷикистон дар мавсими тобистон нерӯи барқи изофиашро ба Узбакистон фиристад. Оғози интиқоли нерӯи барқи Туркманистон, ки наздик ба 1 миллиард киловатт дар соат гуфта мешавад, имконият дод, дар пойтати Тоҷикистон реҷаи барқ барҳам дода шавад.
XS
SM
MD
LG