Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама дар аввали моҳи апрел ба Аврупо сафар мекунад


Президенти Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, бо сарони Иттиҳоди Аврупо дар нишасти навбатии онҳо 5-уми апрел дар Праг, пойтахти Ҷумҳурии Чех мулоқот хоҳад кард. Ин хабарро сарвазири Ҷумҳурии Чех, Мирослав Тополанек, ки кишвараш раёсати давраии иттиҳодро дар ӯҳда дорад, пас аз анҷоми нишасти фавқулодаи сарони иттиҳод дар Бруссел эълон кард. Дар ҳамин сафари Аврупо, Обама инчунин дар нишасти Гурӯҳи 20 ё бист иқтисоди пешрафтаи ҷаҳон рӯзи 2-вуми апрел дар Лондон ва нишасти сарони Паймони Атлантики Шимолӣ, ки муштаракан аз тарафи ҳамсоягон Фаронса ва Олмон омода мешавад, ширкат хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG