Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Cозиши сарони Иттиҳоди Аврупо дар шеваи бархӯрд бо бӯҳрон


Сарони Иттиҳоди Аврупо ба созиш расиданд, ки дар посух ба бӯҳрони иқтисодӣ аз худбинии иқтисодӣ ё протескионизм парҳез кунанд. Раиси Кумиссюни Аврупо, Жозе Мануел Баррозо, дар ин бора дар поёни нишасти фавқулодаи сарони иттиҳоди дар Бруссел изҳорот дод. Сарвазири Ҷумҳурии Чех, Мирослав Тополанек, ки кишвараш раёсати давраии иттиҳодро дар ӯҳда дорад, гуфт, Иттиҳоди Аврупо ҳеҷ яке аз аъзои худро дар бадбахтӣ танҳо намегузорад. Аммо эълоне дар бораи кӯмакҳои нави ин иттиҳод ба кишварҳои ҷиддан осебдидаи Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ дар нишасти Бруссел садо надод. Дар иваз сарони иттиҳод тасмим гирифтанд, парвандаи ҳар кишварро дар алоҳидагӣ баррасӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG