Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи парвандаи ошӯби марзбонон дар Бангладеш


Пулиси Бангладеш гуфт, беш аз 1000 нафар аз нирӯҳои марзбониро дар робита ба ошӯбе, ки мунҷар ба ҳалокати беш аз 140 нафар шуд, ба масъулият мекашад. Иттиҳомоти ворида ба ин афрод сӯъиқасд ба ҷони афсарону мардуми ғайринизомӣ, истифода аз силоҳу маводи мунфаҷира, эҷоди воҳима ва ғоратгариро дар бар мегирад. Бо вуҷуди гузашти чанд рӯз аз хушунатҳо дар Дакка, пойтахти Бангладеш, аҷсоди беш аз 70 афсар то ҳол ёфт нашудааст. Ин ошӯб, ки ибтидо зоҳиран бо талаби маош сар зад, рӯзи панҷшанбе фақат замоне қатъ шуд, ки давлат гуфт, онро бо истифода аз зӯр пахш хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG