Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси роҳҳои муқобила ба бӯҳрон


Раҳбарони ИА имрӯз дар Брюссел роҳҳои муборизаи муштарак бо бӯҳрони афзояндаи иқтисодиро баррасӣ доранд. Ин нишаст дар пайи ҷиҳати кӯмак ба саноати мошинсозии Фаронса тааҳҳуд супурдани раиси он ҷумҳурӣ Никола Саркозӣ даъват шуд. Ин иқдом нигарониҳоро дар бораи роҳи протексионизмро пеш гирифтани кишварҳои узви ИА эҷод кард. Дар арафаи нишаст сарвазири Маҷористон Ференс Гюршанӣ аз сохтани девори нави оҳанини иқтисодӣ ҳушдор дод. Сарвазири Лаҳистон Доналд Туск гуфт, бояд аз ҳар навъ протексионизм ва худбинӣ ҷилавгирӣ шавад.
XS
SM
MD
LG