Пайвандҳои дастрасӣ

Мардум дар интихоботи Русия фаъол нест


Имрӯз чандин вилояти Русия интихоботи маҳаллӣ дорад. Ҳудуди 20 миллион интихобкунанда имрӯз вакилони маҷлисҳои вилоятиву шаҳрӣ ва дар чандин шаҳр шаҳрдорро интихоб мекунанд. Ин нахустин раъйгирӣ дар Русия дар пайи асобати бӯҳрони молист ва имтиҳони ҷиддие барои ҳизби ҳокими Русияи воҳид арзёбӣ мешавад. Бино ба хабарҳо, мизони мушорикати мардум дар раъйдиҳӣ хеле пойин рафта, дар ду шаҳри Шарқи Дур, ки раъйгирӣ анҷом ёфт, ширкати мардум 10 дарсад коҳиш ёфтааст. Аҳзоби мухолиф, аз ҷумла ҳизби коммунисти Русия, аз қабл ҳушдор додаанд, ки интихобот бо тахаллуф сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG