Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Ҳарирӣ бо дақиқаи хомӯшӣ шурӯъ шуд


Имрӯз дар Ҳейги Ҳолланд додгоҳи вижаи СММ бо як дақиқаи хомӯшӣ ба ёди сарвазири собиқи Лубнон Рафиқ Ҳарирӣ ва 22 қурбонии дигари таркиши моҳи феврали соли 2005 дар Бейрут ба муҳокимаи парвандаи афроди муттаҳам дар қатли Ҳарирӣ оғоз кард. Додситон Дениэл Беллмейр рӯзи шанбе ба телевизиони Ал-Арабия гуфт, ки ӯ дар робита ба ин парванда аз Лубнон ба ин додгоҳ супурдани 4 генералро тақозо хоҳад кард. Ин афрод дар замони анҷоми сӯъиқасд алайҳи Ҳарирӣ дар моҳи феврали соли 2005 фармондеҳии ниҳодҳои амниятии рӯ ба Сурияро ба ӯҳда доштанд.
XS
SM
MD
LG