Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқоди мухолифин аз пешниҳоди Карзай


Гурӯҳҳои сиёсӣ дар Афғонистон раиси он ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзайро дар талоши ба ҳам задани интихоботи ҷадиди раёсатҷумҳурӣ айбор карданд. Карзай дирӯз аз куммиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон хост, рӯзи интихоботро аз 20 август 4 моҳ пештар биорад. Карзай гуфт, интихобот бояд тибқи Қонуни асосӣ то 21 май доир шавад. Аммо Ҷабҳаи миллӣ, як ташаккули умдаи мухолифини афғон, гуфт, дар моҳи апрел барпо кардани интихобот ғайримумкин аст. Номзад ба президентӣ Абдулқадар Эмомии Ғорӣ гуфт, Карзай мехоҳад рақибонашро аз саҳна берун андозад. Куммиссиюни интихобот низ қабл аз 20 август барпо кардани интихоботи озод ва одилонаро ғайримумкин хонда, вале гуфтааст, пешниҳоди Ҳомиди Карзайро ба баррасӣ хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG