Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Медведев нисбат ба асароти бӯҳрон бепарвост


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев гуфтааст, фикр намекунад, ки кишвараш аз бӯҳрони саросарии молӣ сахт машаққат бикашад. Медведев дар сӯҳбат бо расонаҳои Испания гуфт, тағйироте, ки пасрафти иқтисод ба бор овардааст, ба Русия таъсири чандоне намекунад. Иқтисоди Русия феълан дар панҷаи бӯҳронест, ки аз соли 1998 ба ин сӯ барои ин кишвар собиқа надошта, нахустин чолиши ҷиддӣ барои президент Медведев ва сарвазир Путин – раҳбарони кунунии ин кишвар шудаанд.
XS
SM
MD
LG