Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лимити барқ дар Душанбе лағв хоҳад шуд


Мақомоти ширкати “Барқи Тоҷик” мегӯянд, Узбакистон транзити нирӯи барқи Туркманистон ба Тоҷикистонро тавассути қаламраваш дубора иҷозат дод. Транзити ин нирӯи барқ баъд аз зӯҳри ҷумъа, 27 феврал, аз сар гирифта шуд ва ба гуфтаи масъулини “Барқи Тоҷик”, лимити нирӯи барқ дар пойтахти Тоҷикистон аз рӯзи шанбе бардошта шуд. Аммо ин лимит дар боқӣ манотиқи кишвар ҳамчунон ба қувваи худ боқист. Узбакистон транзити нирӯи барқи Туркманистонро рӯзи 27 декабр қатъ кард ва дар пай, “Барқи Тоҷик” лимити нирӯи барқро дар кишвар хеле шадид карда, аз 27 январ ҳатто дар Душанбе лимити шадид ҷорӣ кард.
XS
SM
MD
LG