Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон роҳии Ховари Миёна шуд


Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон Вошингтонро ба қасди Ховари Миёна ва Аврупо тарк кард. Ҳадаф аз ин силсиласафар беҳбуди равобити Амрико бо муттаҳидинаш дар он ду минтақа гуфта мешавад. Хонум Клинтон рӯзи душанбе дар Шармулшайхи Миср дар анҷумани кӯмакрасонҳо ба эъмори муҷаддади сарзаминҳои фаластинии навори Ғазза ширкат варзида, рӯзи сешанбе ба хотири ширкат дар нишасти вузарои хориҷии кишварҳои узви паймони низомии НАТО ба Брюссел меравад. Сипас дар Женева нахустин мулоқоти ӯ ба ҳайси вазири хориҷаи Амрико бо ҳамтои русаш Сергей Лавров барномарезӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG