Пайвандҳои дастрасӣ

Пешниҳоди музокирот ба ҷойи мушаксозӣ


Раисиҷумҳури Кореяи ҷанубӣ Лӣ Мюнг Пак аз Кореяи шимолӣ даъват кард, барномаҳои тавлиди силоҳи куштори ҷамъиашро канор гузошта, пушти мизи музокирот бо Кореяи ҷанубӣ баргардад. Мақомоти Амрикову Кореяи ҷанубӣ мегӯянд, тайи ҳафтаҳои охир ба озмоиши нави мушаки дурпарвозаш омодагӣ гирифтани Кореяи шимолӣ мизони танишро дар минтақа боло бурд. Ин мушак ба хотири ҳамлу нақли таслиҳоти ҳастаӣ ба масофаи тӯлоние, чун Аляска, сохта шудааст, вале то ҳол ягон озмоишаш муваффақ набудааст.
XS
SM
MD
LG