Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интихоботи маҳаллӣ дар чандин вилояти Русия


Имрӯз дар чандин вилояти Русия интихоботҳои маҳаллӣ доир мешаванд. Ҳудуди 20 миллион интихобкунанда имрӯз вакилони маҷлисҳои вилоятиву шаҳрӣ ва дар чандин шаҳр шаҳрдорро интихоб мекунанд. Ин нахустин раъйгирӣ дар Русия дар пайи асобати бӯҳрони молист ва ҳарчанд Ҳизби Русияи воҳид, ба раҳбарии сарвазир Владимир Путин, ҳамчунон имкони зиёдтари пирӯзӣ дорад, вале баъид нест, ки мизони ҳимоят аз ҳизби ҳоким ин дафъа коҳиш биёбад. Аҳзоби мухолиф, аз ҷумла ҳизби коммунисти Русия, аз қабл ҳушдор додаанд, ки интихобот бо тахаллуф сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG