Пайвандҳои дастрасӣ

Ратко Младичро имсол боздошт хоҳанд кард


Як мақоми масъули таъқиби ҷинояткорони ҷанг дар Сербистон гуфт, генерал Ратко Младич, фармондеҳи нирӯҳои серб дар замони ҷанги Босния ва Ҳерсеговина, то поёни соли равон дастгир хоҳад шуд. Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс аз қавли Расим Ляжич, узви куммиссиюни давлатии ҳамкорӣ бо додгоҳи Ҳейг навишт, ки шавоҳиди нави бадастомада ва хубтар шудани ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои амниятии Сербистон ӯро нисбат ба дастгир шудани генерал Младич чунин умедвор мекунад. Дар пайи боздошт шудани раҳбари сербҳои Босния Радован Караҷич дар як соли пеш, Ратко Младич танҳо фармондеҳи аршади даврони ҷанги Босния аст, ки то ҳол дар озодӣ дар ҳоли фирор ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG