Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи қотилони Ҳарирӣ дар Ҳейг оғоз ёфт


Имрӯз дар Ҳейги Ҳолланд додгоҳи вижаи СММ ба муҳокимаи парвандаи афроди муттаҳам дар қатли сарвазири собиқи Лубнон Рафиқ Ҳарирӣ оғоз кард. Додситон Дениэл Беллмейр рӯзи шанбе ба телевизиони Ал-Арабия гуфт, ки ӯ дар робита ба ин парванда аз Лубнон ба ин додгоҳ супурдани 4 генералро тақозо хоҳад кард. Ин афрод дар замони анҷоми сӯъиқасд алайҳи Ҳарирӣ дар моҳи феврали соли 2005 фармондеҳии ниҳодҳои амниятии рӯ ба Сурияро ба ӯҳда доштанд.
XS
SM
MD
LG