Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай ба талоши саботажи интихобот айбдор шуд


Раҳбарони сиёсии Афғонистон имрӯз раиси он ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзайро дар талоши ба ҳам задани интихоботи ҷадиди раёсатҷумҳурӣ айбор кард. Карзай дирӯз гуфт, ки мехоҳад интихобот хеле барвақттар аз 20 август, ки куммиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон ба ҳайси рӯзи раъйгимрӣ таъйин кардааст, баргузор шавад. Карзай гуфт, ӯ бо назари қонунгузорон ва шӯроҳои вилоятиву маҳаллӣ мувофиқ аст, ки хостори тибқи Қонуни Асосӣ то 21 май доир кардани интихоботи ҷадиди раёсатҷумҳурӣ шудааст. Аммо Ҷабҳаи миллӣ, як ташаккули умдаи мухолифини афғон, гуфт, дар баҳор доир кардани интихобот ба иллати масоили амниятиву молӣ ва фаннӣ ғайримумкин аст. Номзад ба мақоми раёсатҷумҳурии Афғонистон Абдулқадар Эмомии Ғорӣ гуфт, Карзай мехоҳад рақибонашро аз саҳна берун андозад.
XS
SM
MD
LG