Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳилларӣ Клинтон аз Осиё ба Ховари Миёна рафт


Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷаи ИМА

Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷаи ИМА

Ҳафтаи оянда Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷаи ИМА, саъй хоҳад кард, ки барои Ховари Миёна як барномаи наверо муаррифӣ намояд.

Як ҳафта пас аз сафари Осиё, яъне дар таърихи якуми март, хонум Клинтон озими Ховари Миёна ва Аврупо хоҳад шуд. Аммо пеш аз сафар Ҳилларӣ Клинтон дар Вашингтон арзёбии ҷанг бар зидди ифротгароии исломиро ба ҳайатҳои расмии Афғонистону Покистон баррасӣ намуд. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки Вашингтон дӯсти содиқи ин ду кишвар аст: "Мо се кишвар ҳадаф, таҳдид ва вазифаҳои муштарак дорем. Ҳукумати ман ба дӯстонаш содиқ аст."

Мансабдорони амрикоӣ мегӯянд, дар ҷараёни боздид аз Миср, Исроил ва соҳили ғарбии рӯди Урдун хонум Клинтон имкони, ба истилоҳ, бунёди пайраҳаи нави сулҳро арзёбӣ мекунад. Эҳтимол рӯзи душанбе хонум Клинтон дар шаҳри Шарм-уш-шайхи Миср ваъда хоҳад дод, ки Вашингтон барои рафъи оқибатҳои амалиёти низомии Исроил дар минтақаи Ғазза 900 миллион доллар тахсис медиҳад.

Мақомоти фаластинӣ хисороти ҷанги ахир бо Исроилро ба 3 миллиард доллар баробар медонанд ва бовар доранд, ки кумакрасонҳо бахши бузурги ин зиёнро рафъ хоҳанд кард. Дар конфронси эҳёи Ғазза ҳайатҳои камаш 80 кишвари олам шикрат меварзанд. Зимнан Ҷорҷ Митчел, фиристодаи тозаинтихобшудаи президенти ИМА Барак Обама дар Ховари Миёна, ҳамроҳ бо хонум Клинтон ба Миср сафар мекунад.

Ҷои ёдоварист, ки дар нишасти Шарм-уш-шайх ҷунбиши Ҳамос, ки тасарруфи Ғаззаро бдар даст дорад, ҳузур нахоҳад дошт. Дар нишасти Шарм-уш-шайх мулоқоти Клинтон бо ҳайати Сурия мадди назар аст. Вашингтон саъй дорад, музокирот бо Димашқро аз сар гирад.

Сипас котиби давлатии ИМА ба Аврупо сафар намуда, дар Брусел бо мақомоти НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо ва сипас дар Женева бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров назорати силоҳ ва амнияти Афғонистонро баррасӣ мекунад.
Рӯзи панҷшанбе Сергей Лавров гуфт, ки кишвараш аз барномаи бунёди сипари зиддимушакии ИМА дар Аврупои шарқӣ нигарон аст:

Ҳамин тавр баъди мавшаратҳо дар Женева хонум Клинтон ба Туркия сафар хоҳад кард. Ба қавли Ҷорҷ Митчел фиристодаи президенти ИМА дар Ховари Миёна мақомоти Анкара ҳам бо кишварҳои араб ва ҳам бо Исроил равобити нек доранд ва аз ин рӯ дар минтақа нақши калидиро бар ӯҳда хоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG