Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пас аз шурӯъи дубораи интиқоли нерӯи барқи Туркманистон ба Тоҷикистон реҷаи маҳдуди барқдиҳӣ дар шаҳри Душанбе аз байн бурда шудааст.

Ба гуфтаи ширкати «Барқи тоҷик», ахиран Узбакистон ба транзити нерӯи барқи Туркманистон тавассути хоки худ дубора иҷозат додааст. Ҷониби Узбакистон як моҳ қабл бо баҳонаи мушкилоти техникӣ транзити барқи Туркманистон твассути хоки худро манъ кард, ки ин боиси маҳдудшавии реҷаи барқдиҳӣ дар пойтахти Тоҷикистон ва қатъи комили нерӯи барқ дар минтақаҳои ин кишвар гашт.

Шаби гузашта ба минтақаҳо ва навоҳии Тоҷикистон низ якчанд соатӣ барқ додаанд, ки ахиран аз барқ комилан маҳрум буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG